20 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Александр Гутсан вохӯрӣ намуда, оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки ин санадҳо заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшида, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи назорат, татбиқи ҳуқуқ ва инчунин ба ҳамоҳангсозии муассири фаъолияти прокуратураҳои ҳарбӣ равона шудаанд. Созишномаҳои баимзорасида барои таҳкими қонуният ва таъмини амният дар соҳаҳое, ки вокуниши махсус талаб мекунанд, аҳамияти калидӣ доранд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ прокуророни генералӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва таъмини амнияти минтақавӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба хатарҳои шадидтарин, аз қабили мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллии муташаккил ва таҳияи чораҳои муассир оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ равона намуданд.
Источник:khovar.tj